Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқкунандаи ӯҳдадориҳои кишвар дар назди Конвенсияи тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Баҳисобгирии газҳои гулхонаӣ (ГГ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва рушди устувори кишвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рушдёбанда, ки иқтисодиёташ асосан ба кишоварзӣ, гидроэнергетика ва саноати сабук равон гадидааст, саҳми нисбатан ками ҷаҳониро дар партовҳои газҳои гулхонаӣ дорад.

давлати ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ шуд. Аз ҷумла, Тоҷикистон 7 январи соли 1998 ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҳамроҳ гардида, 21 октябри соли 2008 Протоколи Киото ва 22 апрели соли 2016 Созишномаи Парижро ба тавсиб расонид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ӯҳдадориҳои кишвар дар назди Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж, давоми соли 2024 Аввалин ахбороти дусолаи шаффофиятро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1990-2022 дар такя бо маълумотҳои аз солномаҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуд.

Барӯйхатгириии газҳои гулхонаӣ аз рӯи панҷ бахш гузаронида шуданд:

·       "Энергетика" (CO2, CH4, N2O);

·       "Равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот" (CO2, Гидрофторокарбонҳо, Перфторкарбонатҳо);

·       "Кишоварзӣ" (CO2, CH4, N2O) ;

·       "Истифодаи замин, тағйир додани истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал" (CO2, N2O);

·       "Партовҳо" (CO2, CH4, N2O).

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқа намудани ахбороти мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор, онро барои ҳамоҳанг сохтан ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

        Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хулосаи пешниҳоднамудаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати ирсоли он ба Конвенсияи қолабии Созмони Миллали Муттаҳид ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба инобат гирифтани мавқеи вазорату идораҳо ирсоли Аввалин ахбороти дусолаи шаффофиятро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1990-2022 – ро ба  Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иҷозат дод.

Ҳамин тариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар назди Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж дар охири моҳи декабри соли 2024 иҷро намуд.  

 

04.02.2025