Рӯзи 23 март обуҳавошиносон дар саросари ҷаҳон иди касбии худ - Рӯзи умумиҷаҳонии обуҳавошиносиро ҷашн мегиранд. Ин ҷашн бори аввал соли 1961 пас аз 11 соли таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУO) ҷашн гирифта шудааст.
Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ 23 марти соли 1950 таъсис ёфта, дар соли 1951 оҷонсии махсуси Созмони Миллали Муттаҳид гардид. Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ аз Муассисаи обуҳавошиносӣ, ки соли 1873 таъсис ёфтааст, сарчашма гирифтааст.
Ҳар сол, СУО Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносиро зери шиорҳои мушаххас ҷашн мегирад, ки он ба мавзӯи муҳиме бахшида мешавад. Соли ҷорӣ ин иди бошукӯҳ дар мавзӯи «Масъалаҳоро дар самти огоҳии барвақтӣ якҷоя бартараф менамоем» бахшида мешавад. Ҷашнвораҳои Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар васоити ахбори оммаи тамоми ҷаҳон инъикос карда мешаванд.
Шароити имрӯзаи Курраи замин аз обу ҳаво вобастагии ногузастанӣ дорад, ки мо онро ҳатто дида наметавонем. Агар мо надонем, ки чӣ гуна ҳаво моро интизор аст, барои оянда нақшае сохта наметавонем. Таъсири обу ҳаво ва иқлим ба ҳама бахшҳои фаъолияти иқтисодии инсон - аз нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ то сӯзишворию энергетикӣ ва сохтмон мерасад. Обу ҳаво ва огоҳиҳои барвақтӣ, ки ба ташкилотҳои манфиатдор интиқол дода мешаванд, ба кам шудани талафоти иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҷомеа кӯмак мерасонад.
Обуҳавошиносон метавонанд корҳои зиёдеро анҷом диҳанд - аз пешгӯиҳои обу ҳаво то таҳияи моделҳои иқлимӣ, аз кор дар истгоҳҳои қутбӣ то иштирок дар фуруди киштиҳои кайҳонӣ.
Аз лаҳзаи фараҳбахши ҷашни Рӯзи ҷаҳонии ҳавошиносӣ ва кормандони хадамотҳои обуҳавошиносӣ истифода намуда,
ҳамаи Шумо, кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, обуҳавошиносӣ ва дӯстдорони табиатро бо ин иди соҳавӣ ва умумиҷаҳонӣ табрику муборакбод менамоям, барои ҳамаи шумоён зиндагии шоиставу муваффақиятҳои меҳнатиро баҳри пешрафти минбаъдаи Ватани азиз таманно мекунем.
Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва кормандони хадамотҳои обуҳавошиносӣ муборак ҳамкасбони азиз!
19.03.2025