Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Таҷлили аввалин “Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ” дар ш.Париж

Санаи 20 марти соли 2025 дар доираи ҷашни якҷояи аввалин “Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ” дар қароргоҳи ЮНЕСКО, ш. Парижи Ҷумҳурии Фаронса конференсияи сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло иштирок намуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки яке аз нуқтаҳои асосии чорабинӣ муҳокимаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29 то 31 майи соли 2025 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, маҳсуб меёбад. Конфронс ба ҳифзи пиряхҳо ва нақши онҳо дар идоракунии устувори захираҳои обӣ, инчунин таҳқиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои ҷаҳонӣ бахшида шуда, дар рафти он пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва равишҳои ҳамгирошуда дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва об таъкид гардид.

Бояд қайд намуд, ки вохӯрии мазкур майдони махсуси муколама ва амал дар самти вазъи пиряхҳои ҷаҳон ва таъсири онҳо ба амнияти обӣ, ҷомеа ва экосистемаҳо арзёбӣ мегардад.

20.03.2025