Санаи 20 марти соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бахшида ба “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21 март - Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо асоси таъмини амнияти обӣ, озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ»-ро баргузор намуданд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Байдуллоева Ҷ.А. – муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар қатъномаи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, аз ҷумла «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», “21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, дар назди СММ таъсис додани “Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо” ва баргузории “Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Душанбе сухан ронда, иқдомоти Пешвои муаззами миллатро оид ба масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ дурбинона арзёбӣ намуданд.
Дар конфронс олимону муҳаққиқони самти пиряхшиносӣ ва ҳифзи муҳити зист аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, дар маърӯзаҳои хеш доир ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва норасоии оби ошомиданӣ суханронӣ намуданд.
Дар доираи баромади мутахассисони соҳавии Агентӣ, дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои хориҷи кишвар мавзӯъҳои “Аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, иқлим ва экология, бахусус эълони Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо ва захираҳои обӣ”, “Ҳифзи пиряхҳо- асоси таъмини амнияти обӣ, озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ”, “Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мониторинг, таҳқиқот, пешгӯӣ ва баланд бардоштани иқтидори соҳаи яхшиносӣ” баррасӣ ва матраҳ гардиданд.
20.03.2025