Санаи 20 марти соли ҷорӣ дар ш.Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар доираи чорабинии бахшида ба аввалин “Ҷашни рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо” вохӯрӣ байни директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва профессор Бетан Дэвис аз Донишгоҳи Нюкасли Британияи кабир баргузор гардид.
Дар робита ба таваҷҷӯҳи қаблии ҷониби Донишгоҳи Нюкасл тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир мулоқоти ҷонибҳо асосан ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги пиряхҳо ва амалишавии экспедитсияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Муҳокимаҳо ба талошҳои муштарак ҷиҳати беҳтар кардани ҷамъоварии маълумоти илмӣ ва васеъкунии тадқиқот оид ба нақши пиряхҳо дар тағйирёбии иқлим равона карда шуда, ҳарду ҷониб аҳамияти ҳамкории фаромарзиро дар ҳалли мушкилоти глобалии иқлим таъкид намуданд.
Дар вохӯрӣ директори Агентии обуҳавошиносӣ Курбонзода Абдулло Ҳабибулло аз ҷумла чунин қайд намуданд:-"Мо шодем, ки имкони мулоқот бо коршиносони ин соҳа ва муҳокимаи иқтидори ҳамкорӣ дар ин масъалаи муҳимро дорем. Пиряхҳои Тоҷикистон як қисми бебаҳои системаи ҷаҳонии иқлим мебошанд ва мо кӯшиш менамоем то фаҳмиши худро дар бораи ин экосистемаҳо тавассути шарикии инноватсионӣ ва таҳқиқоти муштарак амиқтар намоем".
Мулоқот бо муҳокимаи нақшаҳои ҳамкории минбаъда ва экспедитсияҳои саҳроӣ ба анҷом расид, ки ба ҳамкориҳои умедбахш оғоз бахшид.
Дар охири вохӯрӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибуло профессор Бетан Дэвисро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо-2025, ки охири моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуданд.
21.03.2025