Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Семинари миллии мониторинги криосфера дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Санаи 24-25 апрели соли 2025 дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар ш.Алмаато дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари миллии мониторинги криосфераро дар шаҳри Душанбе ташкил намуданд.

Семинар дар доираи лоиҳаи минтақавии Фонди умумиҷаҳонии экологии Барномаи рушди СММ-ЮНЕСКО - "Таҳкими устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути ташкили ҳамкории минтақавӣ барои арзёбии системаҳои яхшиносӣ-нивалӣ ва таҳияи равишҳои ҳамгирошуда ба рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим" гузаронида шуд.

Мақсади асосии чорабинӣ муайян намудани вазифаҳои мушаххас, афзалиятҳо ва чорабиниҳо оид ба таъмини талабот ба мониторинг ва тадқиқи криосфера, инчунин рушди иқтидор ва такмили ихтисоси мутахассисон арзёбӣ гардид. Дар семинар зиёда аз 40 нафар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар семинар масъалаҳои ташкили гурӯҳи кории институтсионалӣ дар сатҳи миллӣ, ки ба ҳамоҳангсозии талошҳо оид ба такмили мониторинги криосфера, мубодилаи маълумот, рушди тадқиқоти илмӣ ва тайер кардани маҳсулот ва маводҳои дахлдор муҳокима шуданд. Таваҷҷӯҳи махсус ба таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои соҳавӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ равона карда шуд.


01.05.2025