Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ вобаста ба инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат дар қатори рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишварамон дигаргуниҳои куллие ба вуқуъ пайваст, ки дар ин росто нақш ва мақоми Пешвои муаззами миллат хеле назаррас мебошад. Зеро дар ҳама давру замон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба ҷавонони саодатманди кишвар намуда, ҳамвора дар раванди давлатдории миллӣ ба масъалаи дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор гирифтани мақому манзалати ҷавонон ҳанӯз аз нахустин минбари давлатдорӣ оғоз гардидааст.
Имрӯз нақши ҷавонон дар рушди устувории давлат ва ҷомеа беш аз ҳарвақта муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷавонон нерӯи тавонои пешбарандаи замон, поягузори ҷомеаи мутамаддин ва раҳнамои роҳи ояндаи миллат мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи ҷавонон ҳамчун сутуни боэътимоди ҷомеа менигарад.
Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон дошта буданд. Аз ин лиҳоз ҳама сола 23-май Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, таҳлиле мебошад, ки тамоми бурду бохт, муваффақияту музаффарият ва мушкилиҳоро дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар 33 соли соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дар бар мегирад. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, зери сиёсати хирадмандонаву некбинона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.
Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуданд. дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат мебошад.
Бояд қайд кард, ки ҳар сухани ифшонамудаи Пешвои миллат пояи устувори воқеӣ дошта, барои амалӣ гардонидани сиёсати давлат нисбати ҷавонон бо суръати баланд амалӣ гардида итодааст. Воқеан, ҳам ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
«Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Имрӯз нақши ҷавонон дар рушди устувори давлат ва ҷомеа беш аз ҳарвақта муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷавонон нерӯи тавонои пешбарандаи замон, поягузори ҷомеаи мутамаддин ва роҳнамои роҳи ояндаи миллат мебошанд. Даврони ҷавонӣ на танҳо айёми орзуҳои ширин, балки давраи масъулиятпазир, донишомӯзӣ ва таҳкими бунёдҳои маънавию ахлоқии инсон аст.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи ҳама дастгириҳои пайваста ҷавононро месазад, ки пайи омӯхтани илму донишҳои замонавӣ талош варзанд ва ҳар лаҳза вақти пурқиммати худро самаранок истифода баранд. Зеро ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд. Худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастиву ҷаҳолат доимо эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Аз ин рӯ, мо ҷавонон ва кулли сокинони кишварро мебояд, ки доир ба иҷрои дастур ва супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикргардида камари ҳиммат бандем ва саҳми худро дар шукуфоии кишвари азизамон- Тоҷикистон гузорем. Мо дар якҷоягӣ минбаъд низ Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ бо Пешвои арзандаи худ ифтихор дорем ва содиқ мемонем, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон ҷонибдорӣ намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу талош менамоем.
19.05.2025