Рӯзҳои 18-19 сентябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, омӯзиши дурӯза (тренинг) баргузор гардид.
Дар рафти омӯзиш (тренинг)-ҳо намояндагони вазорату идораҳои марбута, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж ва механизмҳои амалӣ намудани онҳо бо таваҷҷуҳи махсус ба ташаккул ва пешбурди маълумоти оморӣ аз рӯи бахшҳои иқтисодиёт, ҷиҳати таҳияи барӯйхатгири (инвентаризатсия)-и миллии газҳои гулхонаӣ, ҳамзамон рушди низоми ҳисоботдиҳӣ, татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ва кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим шиносоӣ пайдо намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Созишномаи Париж соли 2015 қабул шуда, як ҳуҷҷати байналмилалии муҳим дар самти мубориза ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба шумор рафта, он ба нигоҳ доштани афзоиши ҳарорати ҷаҳонӣ дар сатҳи камтар аз +2°C ва бо талош барои маҳдуд сохтани он то +1,5°C равона шудааст.
19.09.2025