Санаи 1 октябри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳ моҳи соли равон баргузор гардид.
Ҷаласа бо иштироки муовини аввали Раиси Кумита муҳтарам Шукурзода Исфандиёр Шукур ва таҳти раёсати директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло доир шуд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи Агентӣ ва вазифаҳо барои ҷамъбасти соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муовини директори Агентӣ муҳтарам Абдуллоев Умаралӣ Сайдуллоевич аз рӯи масъалаҳои рӯзнома баромад намуда, сипас ҳисоботи роҳбарони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ шунида шуд.
Муовини аввали Раиси Кумита дар суханронии худ қайд намуданд, ки фаъолияти Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ шуда, дастовардҳои назаррас аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи обуҳавошиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баландро талаб менамояд. Иҷрои талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 дар бораи амалигардонии қатъномаи СММ оид “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, талаботҳои “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва ташаббуси Тоҷикистону Фаронса “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ 2025-2034” махсусан таъкид гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ва таклифу пешниҳодҳо қарор қабул гардида, супоришҳои дахлдор ва масъулини иҷрои онҳо муайян гардиданд.
01.10.2025