Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиш оид ба баланд бардоштани шаффофияти маълумоти иқлимӣ

Рӯзҳои 16–17 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон омӯзиши дурӯза таҳти унвони «Баланд бардоштани шаффофияти маълумоти иқлимӣ: ҳисоботҳои миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Омӯзиши мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ ташкил гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбута, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои кишвар иштирок намуда, бо масъалаҳои муҳими соҳаи иқлимшиносӣ, аз ҷумла “Нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ”, “Нақшаи амали Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои солҳои 2025–2027”, инчунин мавзӯи “Андозагирии гендерии шаффофияти иқлим вобаста ба ҷалби занон дар сиёсати иқлим ва ҳисоботдиҳӣ” ва дигар масъалаҳои самти тағйирёбии иқлим шинос шуданд.

Омӯзиши мазкур ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

17.10.2025