Санаи 20 октябри соли 2025 дар ҳошияи Ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (Cg-Ext 2025), ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардида истодааст, Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Роҳбари Хадамоти федералии обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия - “Росгидромет” муҳтарам Шумаков Игор Анатольевич вохӯрии дуҷониба анҷом доданд.
Дар ин дидор масъалаи иштироки мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар омода намудани “Пешгӯии мавсими зимистони солҳои 2025-2026 (ноябри 2025-марти 2026)” дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Хадамоти обуҳавошиносии Россия “Росгидромет” баррасӣ шуданд.
Бояд қайд намуд, ки “Пешгӯии мавсими зимистони солҳои 2025-2026 (ноябри 2025-марти 2026)” барои банақшагирии фаъолияти пурсамари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим мебозад.
20.10.2025