Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (Cg-Ext 2025) 20–23 октябри соли 2025, шаҳри Женева, Швейтсария

Санаи 20 октябри соли 2025 Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло дар Ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки 193 кишвари аъзо баргузор шуда, ҳадафи он тезонидан ва тавсеа бахшидани татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» мебошад, ки онро соли 2022 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш пешниҳод карда буд. Мақсади асосии ташаббус асосан фарогирии пурраи ҷаҳон то охири соли 2027 аст.

Ҷаласаи чаҳоррӯзаи ғайринавбатии Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ки ҳамзамон ба 75-солагии таъсисёбии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) бахшида шудааст, дар сатҳи баланд ифтитоҳ ёфт. Дар он нақши муҳим ва фаврияти рисолати СУО дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу ҳаво, иқлим ва захираҳои обӣ таъкид гардид.

Дабири кулли СУО хонум Селеста Сауло бо даъват ба амал дар самти татбиқи ташаббуси «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» суханронӣ намуда, дар ҷаласаи сатҳи баланд гузориши нави Созмонро оид ба дастовардҳо дар соҳаи мониторинг ва пешгӯии падидаҳои хавфнок пешниҳод намуд.

20.10.2025