Санаи 21 октябри соли 2025 дар ҳошияи Ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (Cg-Ext 2025), дар шаҳри Женеваи Швейтсария Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо муовини директори Хадамоти обуҳавошиносии Чин Зукиянг Жанг, ки масъалаҳои ҳамкории байналмилалиро назорат менамояд, вохӯрии корӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи обуҳавошиносиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои тақвияти иқтидори Хадамоти миллии обуҳавошиносӣ, таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи технологияҳои пешқадам, инчунин ҳамгироии инноватсионӣ дар асоси зеҳни сунъӣ дар самти низоми пешгӯии обу ҳаво мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои мубодилаи маълумоти илмӣ, анҷоми таҳқиқоти муштарак ва омода намудани мутахассисони баландихтисос зоҳир карда шуд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои шарикона ва таҳкими низоми муассири ҳамкорӣ ба манфиати рушди устувор ва баланд бардоштани дақиқии моделҳои пешгӯии иқлимӣ ва обуҳавошиносӣ изҳор намуданд.
Дар натиҷа тарафайн ба тавафуқ расиданд, ки нақшаи чорабиниҳои муштарак барои ояндаи наздик таҳия карда шавад, ки он гузаронидани машваратҳои коршиносон ва мубодилаи сафарҳои расмии мутахассисонро дар бар мегирад.
22.10.2025