Санаи 14 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона бахшида ба “33-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он Роҳбарият ва кормандони раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.
Нахуст Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Пирзода С.М., баромад намуда, паёми табрикотии Директори Агентӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ.-ро ба самъи иштирокчиён расонид.
Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Пирзода С.М. дар баромадашон оид ба дастоварҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, азму иродаи хастанопазири фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронданд. Дар ҳамин самт дастовардҳои соҳаи обуҳавошиносии кишвар, табдили он ба сохтори боэътимоди иттилооти иқлимӣ, ки ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти ҳаётии аҳолии кишвар мусоидат менамояд таъкид гардид.
Дар суханрониҳои кормандони соҳавӣ қайд гардид, ки воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки имсол 33-сола шуд, саҳифаи заррини таърихи тоҷикон буда, нақши Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу суботи комил, сарҷамъии миллат ва таҳкими пояҳои давлати навини тоҷикон бузургарзиш мебошад.






14.11.2025