Санаи 10 ноябри соли 2025 ҳайати Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии 30-юмин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30), ки дар шаҳри Белени Бразилия баргузор мегардад, иштирок намуданд.
Конфронс таҳти раёсати Мухтар Бабаев - Президенти COP 29, сафир Андре Корреа ду Лаго - Президенти COP 30, Луис Инасиу Лула да Силва - Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, Саймон Стилл - Дабири иҷроияи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт.
Пас аз қисмати тантанавӣ маросими ифтитоҳи расмии Конфронси ҷонибҳо ҷаласаи ҷонибҳои Протоколи Киото ва ҷаласаи ҷонибҳои Созишномаи Париж оғоз гардид.
Боиси зикр аст, ки ифтитоҳи COP-30 аҳамияти гузариш аз марҳалаи гуфтушунид ба марҳалаи амалро таъкид менамояд, зеро ин конфронс бори аввал дар минтақаи Амазон, дар шаҳри Белем (Бразилия) баргузор мегардад.
Дар рафти Конфронс асосан мавзӯъҳои “Арзёбии умумии татбиқи Созишномаи Париж”, “Маблағгузории иқлим”, “Механизмҳои мутобиқшавӣ ва устуворӣ”, “Фонди зарар ва талафот”, “Бозорҳои карбон ва моддаи 6-и Созишномаи Париж”, “Рушди технологӣ ва интиқоли технологияҳо”, “Масоили иштироки фарогир” мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин Конфронс барои пешбурди манфиатҳои миллӣ дар самти рушди устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, мониторинги захираҳои обӣ ва ҷалби маблағҳои иқлимӣ аҳамияти хоссаро дорад.
Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки дар ҷаласаҳои мавзӯӣ, вохӯриҳои дуҷониба ва музокиротҳои бисёрҷониба, бахусус дар масъалаҳои захираҳои обӣ, рушди устувори кӯҳӣ, масъалаҳои обуҳавошиносӣ, яхшиносӣ ва ҳамкориҳои доираи Созишномаи Париж фаъолона иштирок намоянд.




14.11.2025