Санаи 11 ноябри соли 2025 Роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи 30-юмин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30), дар шаҳри Белени Бразилия дар Намоиши натиҷаҳо ва ҳалли масъалаҳои «Миқёси огоҳии бармаҳал барои ҳама: идоракунӣ ва амали маҳаллӣ» иштирок ва дар қисмати пленарӣ суханронӣ намуданд.
Дар рафти суханронӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ, инчунин тадбирҳои амалигардида дар доираи Ташаббуси умумиҷаҳонии «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» муаррифӣ гардид.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати яке аз аввалин кишварҳое, ки ин ташаббусҳо ҷонибдорӣ намудааст, минатдорӣ намуда, кӯшишҳои Тоҷикистонро дар самти обу иқлим ва паст намудани офатҳои табиӣ баланд арзёбӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки Ташаббуси умумиҷаҳонии «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (Early Warnings for All – EW4All) иқдоми бузурги ҷаҳонӣ аст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва махсусан Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУO) дар соли 2022 бо дастгирии Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оғоз гардид. Ҳадафи асосии он то соли 2027 бояд тамоми аҳолии кураи замин ба низоми огоҳии бармаҳал аз офатҳои табиӣ ва хавфҳои обуҳавошиносӣ дастрасӣ дошта бошанд.






14.11.2025