Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Раванди миллии бахши криосфера: баррасии санадҳои калидӣ ва лоиҳаи пилотӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо

Санаи 27 ноябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе мулоқоти дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Фонди миллии ҳифзи пиряхҳо, Нақшаи миллии амал, Нақшаи амали зерминтақавӣ дар самти криосфера баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО, Барномаи рушди СММ ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, дар доираи лоиҳаи «Тақвияти устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути рушди ҳамкорӣ дар арзёбии системаҳои гласио-нивалӣ ва таҳияи равишҳои маҷмӯӣ барои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ташкил гардид.

Мулоқот бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва коршиносони миллӣ баргузор шуда, ҳадафи он тақвияти иқдомҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва рушди сиёсату механизмҳои устувории иқлимии кишвар арзёбӣ гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Абдуллоев Умаралӣ Сайдуллоевич, муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ ва Лариса Когутенко, иҷрокунандаи вазифаи менеҷери лоиҳаи ЮНЕСКО оғоз ёфт. Дар баромади онҳо зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти мониторинги криосфера, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва таҳкими пойгоҳи илмӣ таъкид гардид.

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ташаббуси таъсиси Фонди миллии ҳифзи пиряхҳоро муаррифӣ намуда, иштирокчиён масъалаҳои рушди институтсионалӣ, механизмҳои маблағгузорӣ ва устувории дарозмуддати ин ташаббусро баррасӣ карданд.

Дар ҷаласа инчунин аз ҷониби мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ Нақшаи миллии амал оид ба криосфера барои солҳои 2026–2034, Нақшаи амали зерминтақавӣ оид ба криосфера дар Осиёи Марказӣ, Харитаи роҳ ва Консепсияи лоиҳаи пилотӣ муаррифӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳуҷҷатҳои мазкур чораҳои калидӣ оид ба тақвияти мониторинг, таҷдиди инфрасохтор, рушди тадқиқоти илмӣ ва идораи хатарҳои вобаста ба таназзули криосфераро дар бар мегиранд.

12.12.2025