Рӯзҳои 2 то 5 декабри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар оид ба тақвияти иқтидори техникӣ дар самти таҳияи барӯйхатгири (инвентаризатсия)-и газҳои гулхонаӣ дар бахши партовҳо зери роҳнамоии коршиноси байналмиллалӣ Доктор Самир Тантави бо иштироки намояндагонаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Семинари мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, дар доираи Барномаи умумиҷаҳонии дастгирии тақвияти иқтидор дар самти шаффофият (CBIT-GSP) ташкил гардид.
Дар рафти чорабинӣ зери роҳнамоии коршиноси байналмиллалӣ Доктор Самир Тантави иштирокчиён дар доираи омӯзишҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба мавзӯъҳои “Талабот ба ҳисоботдиҳии Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар доираи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият ва нақши бахши партовҳо”, “Категорияҳои бахши партовҳо – идоракунии партовҳои сахт, тозакунӣ бо усули биологӣ, сӯзонидан, тозакунии обҳои партовӣ”, “Равишҳои чандсатҳа ва татбиқашон дар бахши партовҳо”, “Идоракунии номуайянӣ ва ҳуҷҷатгузории тахминҳо барои барӯйхатгирии партовҳо”, ҳамзамон истифодаи барномаи махсуси ҳисоби партовҳо шиносоӣ пайдо намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии чорабинӣ тақвияти иқтидори техникии миллӣ барои омодасозии барӯйхатгирии пурра, дақиқ ва шаффофи газҳои гулхонаӣ дар бахши партовҳо, мутобиқи дастурамалҳои Гурӯҳи коршиносони байналмиллалӣ оид ба тағйирёбии иқлими ва талаботи Чаҳорчубаи васеъкардашудаи шаффофият арзёбӣ мегардад.






12.12.2025