Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Роҳбарият, кормандони раёсатҳо, марказҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Сарвари давлатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тариқи телевизион дастаҷамъона тамошо намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири ҳамаи самтҳои гуногуни ҷомеа буда, дар он масъалаҳои гуногуни ҳаёти кишвар мавриди таваҷҷӯҳ ва таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, дар зеҳни ҳар як корманди соҳавӣ барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ таассуроти амиқро мегузорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист, таъсири тағйирёбии иқлим ба Сайёра таъкид намуда, чунин қайд намуданд: “Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ин лиҳоз, ман аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват менамоям, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд. Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад”.

Дар тақвият ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони соҳаи обуҳавошиносиро зарур аст, ки масъалаҳои дарҷгардидаи Паёмро сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор дода, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дарпешистода тадбирҳои зарурӣ андешем.    

16.12.2025