Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиш (тренинг)-и миллӣ оид ба арзёбии барӯйхатгири (инвентаризатсия)-и газҳои гулхонаӣ (peer-review) барои бахши «Партовҳо» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 25–26 декабри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш (тренинг)-и миллӣ оид ба арзёбии коршиносии барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия)-и газҳои гулхонаӣ (peer review) барои бахши «Партовҳо» баргузор гардид.

Дар омӯзиш аъзоёни Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносӣ, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ роҳандозӣ гардид.

Дар доираи омӯзиш ҷаласаҳои махсусгардонидашуда баргузор шуда, онҳо ба баланд бардоштани сифати ҳисоботдиҳӣ, инчунин азхудкунии абзорҳои муосири нармафзории Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC) равона гардида буданд. Ин омӯзиш ба таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалии иштирокчиён дар самти ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди маълумот дар бахши «Партовҳо» мусоидат намуда, ҳамчун заминаи устувор барои гузаронидани марҳилаҳои минбаъдаи арзёбии коршиносӣ хизмат хоҳад намуд.

26.12.2025