Санаи 29 декабри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шукурзода Исфандиёр Шукур иштирок намуданд.
Ҷаласа таҳти раёсати Директори Агентии обуҳавошиносӣ, муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 ва вазифаҳои афзалиятнок барои нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, директори Агентӣ аз рӯи масъалаҳои пешниҳодшуда маърӯза намуда, сипас ҳисоботи роҳбарони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ шунида ва муҳокима гардиданд.
Дар суханронии худ Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шукурзода Исфандиёр Шукур, фаъолияти Агентии обуҳавошиносиро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси натиҷаҳои таҳлил ҳамаҷониба баррасӣ намуда, онро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул гардида, ҷиҳати татбиқи он ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуда, иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гирифта шуданд.








29.12.2025