Санаи 13 январи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба омӯзиш ва шарҳи муҳтавои Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва коллективи меҳнатии Агентӣ, ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Ҳабибзода Зоҳир Иззат иштирок намуданд.
Нахуст директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти муҳими байналхалқӣ дошта, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, роҳи интихобкардаи кишвар, марҳилаҳои тайнамудаи он, низоми арзишҳову ормонҳо ва мушкилоту комёбиҳои кишварро муаррифӣ менамояд. Маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва сиёсати дурбинона масъалаҳои ҳифзи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва таназзулёбии бошиддати пиряхҳоро дар сатҳи байналмиллалӣ ба миён гузошта, ҷомеъаи ҷаҳониро аз хатарҳои пешорӯи табиӣ пайваста огоҳ менамоянд.
Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино муҳтарам Ҳабибзода Зоҳир Иззат зимни баромади худ нуктаҳои асосии Паёмро шарҳ дода, оид ба рушду пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт, инчунин соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, илм ва фарҳанг, изҳори назар намуданд. Ҳамчунин зикр шуд, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва созандагӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома мутахассисони соҳавии Агентӣ вобаста ба бахшҳои муҳими Паём ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ҳамчун дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз хизмат менамояд.



13.01.2026