Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории омӯзиш оид ба ҷанбаҳо ва ҳадафҳои иқлимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 29 январи соли 2026 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, омӯзиш (тренинг) таҳти унвони «Ҷанбаҳо ва ҳадафҳои иқлимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ӯҳдадориҳои иқлимӣ ва талошҳо дар ин самт» баргузор гардид.

Дар омӯзиши мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба тағйирёбии иқлим аз ҷумла: масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар доираи фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ, коҳиш додани хавфҳои иқлимӣ ва мутобиқшавӣ ба онҳо ҳамчун ҷанбаҳои асосии Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (ССММ/NDC), осебпазирии аҳолӣ, бахусус занон, кӯдакон ва ҷавонон дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳамчунин нақши занон дар идоракунии устувори захираҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми омӯзиш байни иштирокчиён мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб дар самти масъалаҳои ҳалталаби иқлимӣ баргузор гардида, аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.


29.01.2026