Санаи 3 феврали соли 2026 дар доираи нақша-чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба мавзӯи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ”” (аз 1 октябри соли 2025, №2194) бо иштироки васеъи кормандон баргузор гардид.
Дар рафти омӯзиш муовини сардори Раёсати мониторинги муҳити зист Сайфуллоев Н.Н. тариқи рӯйнамо баромад намуда, оиди муҳтавои қонун ва талаботҳои асосии он ба иштирокчиён маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд. Сайфуллоев Н.Н. таъкид намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” аҳамияти калидиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҳифзи муҳити зист барои сокинони ҷумҳурӣ дорад.
Бояд қайд намуд, ки омӯзиш ба кормандон имкон дод, ки бо талабот ва принсипҳои қонун шинос шаванд. Муҳокимаҳо ва саволҳои иштирокчиён нишон доданд, ки омӯзиш барои татбиқи амалии қонун ва баланд бардоштани маърифати экологӣ аҳамияти калонро дорост.



03.02.2026