Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

БАРГУЗОРИИ ОМӮЗИШҲО ОИД БА ТАҚВИЯТИ ИҚТИДОР ДАР САМТИ ТАҲИЯИ ҲИСОБОТҲОИ МИЛЛИИ ИҚЛИМӢ

Рӯзҳои 16–18 феврали соли 2026 бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, омӯзишҳо оид ба мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидор дар самти таҳияи ҳисоботи миллӣ дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж, шартҳо, расмиёт ва дастурҳои бо равишҳои гендерӣ нигаронидашуда» баргузор гардид.

Омӯзишҳо фарогири масъалаҳои муҳими марбут ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла “Нақши низоми миллии барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия)-и газҳои гулхонаӣ дар мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда”, “Тақвияти иқтидори институционалӣ барои таҳияи Ҳисоботи дусолаи шаффофият: таъмини сифат ва назорати сифат”, “Нақши ҳамгироии гендерӣ дар баланд бардоштани самаранокии иҷрои Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва таъмини шаффофияти чораҳои иқлимӣ”, “Иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда” ва ғайраҳоро дар бар гирифтанд.

Дар омӯзишҳо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, бо ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж ва талаботи байналмилалӣ оид ба таҳияи ҳисоботҳои миллии иқлимӣ, аз ҷумла ҳисоббарории партови газҳои гулхонаӣ дар бахшҳои «Энергетика», «Равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот» ва «Партовҳо» маълумоти муфассал гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин омӯзишҳо ба таҳкими иқтидори миллӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон ва иҷрои самараноки ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим мусоидат менамоянд.

 

18.02.2026