Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ!

Санаи 23 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлат!» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият, сардорони раёсату марказҳо ва кормандони сохтории Агентӣ фаъолона иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Пирзода С.М. оғоз ёфт. Номбурда аҳли нишастро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, паёми табрикотии роҳбарияти Агентиро ироа намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба як нерӯи тавоно ва муназзам табдил ёфтааст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дорои техника ва таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, инфрасохтори замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз ва ҳайати касбии баландихтисос мебошанд.

Ҳамзамон, зимни баромади кормандони Агентӣ оид ба таърихи таъсис, марҳилаҳои ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зикр шуд, ки Артиши миллӣ дар таҳкими амнияти давлат, ҳифзи истиқлолият ва таъмини суботи ҷомеа нақши калидӣ дорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад.

Маҷлиси тантанавӣ дар фазои ифтихор аз давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан ҷамъбаст гардид.

 

23.02.2026