Санаи 16 марти соли 2026 бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он оинҳои маъмулии наврӯзӣ, аз ҷумла намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, дастархони “ҳафт сину ҳафт шин” ба намоиш гузошта шуданд.
Дар рафти чорабинии идона Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Пирзода Сунатуллоҳ Мирзомуддин сухани табрикотии Роҳбарияти Агентиро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид намуданд, ки ҷашни Нарӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмиллалӣ касб намудааст. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҳамфарҳанг, соли 2010 Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз ҷониби Ташкилоти ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин далели равшани қадру манзалати бузурги ин ҷашни бостонӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои эҳё ва гиромидошти суннатҳои қадимии ниёгон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим нақши муҳим доранд.
Қисмати дигари чорабинӣ ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, дастархони «ҳафт сину ҳафт шин» бахшида шуда, ҳозиринро ба гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон ҳидоят намуданд.








17.03.2026