Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Рӯзи Ғалаба: сабақи таърих ва мактаби ватандӯстӣ

Санаи 8 майи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва пуршукӯҳ бахшида ба 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони « Рӯзи Ғалаба: сабақи таърих ва мактаби ватандӯстӣ» бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ дар фазои самимӣ ва ватандӯстона баргузор гардид.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки барои расидан ба зиндагии осоиштаву шоистаи имрӯза, дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурданд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманду фаромӯшнашаванда гузоштаанд. Қайд гардид, ки 9 май – Рӯзи Ғалаба ҳамчун яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ дар тақвими инсоният ҷойгоҳи махсус дошта, барои тамоми мардуми ҷаҳон, аз ҷумла сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзи пирӯзии адолат бар зулм, шуҷоат бар бадхоҳӣ ва сулҳ бар ҷанг мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён бо суханрониҳои пурмазмун баромад намуда, аз саҳми бузурги иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг фарзандони далеру ҷасури тоҷик дар қатори аввалинҳо ба майдони набард шитофтанд ва бо садоқат ба Ватан, матонат ва шуҷоати бемисл дар задухӯрдҳои сахт иштирок намуданд. Умуман, беш аз 260 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадиди зидди фашизм иштирок карда, бо корнамоиҳои худ саҳифаҳои дурахшони таърихро сабт намуданд.

Таъкид шуд, ки қаҳрамониву фидокории насли ҷангдида имрӯз барои ҷомеаи мо, махсусан ҷавонон, намунаи ибрат ва мактаби бузурги ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити имрӯза, ки мардуми Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ қадам мениҳанд, чунин арзишҳо аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳозирин бо эҳтироми амиқ хотираи неки шаҳидони ҷангро гиромӣ дошта, изҳор намуданд, ки номи неки онҳо ҳамеша дар саҳифаҳои таърих ва дар қалби мардум ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

08.05.2026