Санаи 15 декабри соли 2022 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки воҳидҳои сохторӣ дар мавзӯи “Мониторинги ҳавои атмосферӣ: нақшаҳои минбаъда барои таҳияи маҳсулоти нав (бюллетенҳои экологӣ)” баргузор гардид.
Дар рафти ин чорабинӣ оид омилҳои ифлосшавии ҳаво дар шаҳрҳои саноатии кишвар диққати махсус дода шуда, ҳамзамон баромади мутахассисони Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентӣ оид ба консентратсияи моддаҳои ифлоскунанда, зарурияти пешниҳоди огоҳӣ дар бораи сатҳи хатарнокии ифлосшавии ҳаво барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таҳияи бюллетенҳои экологӣ шунида шуд.
24.04.2023