Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии дуҷониба бо Котиботи Панели байниҳукуматӣ (CTNC)

Таърихи 12 ноябри соли ҷорӣ Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо котиби Панели байниҳукуматӣ (CTNC) муҳтарам Раҷив Гард вохӯрии дуҷонибаро анҷом доданд.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти Панели байниҳукуматӣ (CTNC) дар самти амнияти озуқаворӣ, об, энергетика, саноат, сохтмон, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои ба тағйирёбии иқлим роҳандозӣ гардида, фаъолияти пурсамарро дорост. Котиби Панели байниҳукуматӣ (CTNC) Раҷив Гард қайд намуданд, ки коршиносони байналмилалӣ солҳои наздик ва бори аввал ба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, фаъолиятро дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ оғоз менамоянд.

Дар ин дидор ҷонибҳо дар доираи ҳамкории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Панели байниҳукуматӣ (CTNC) масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳавошиносӣ, обшиносӣ ва тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд. 


24.04.2023