Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории чорабинии канорӣ “Харитаи роҳ барои Соли 2025 - ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи - COP27

Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-27) дар шаҳри Шарм-ул-Шейхи Ҷумҳурии Миср чорабинии канориро дар мавзӯи «Харитаи роҳ барои Соли 2025 - ҳамчун соли байналмилалии хифзи пиряхҳо» баргузор намуданд.

 

        Дар чорабинии мазкур оид ба соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баромади сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Агентии обухавошиносӣ Рӯзиев К. дар мавзӯи “Харитаи роҳ барои Соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, дар мавзӯи “Мушоҳида, пешгӯӣ ва ҳифзи криосфераи кӯҳӣ” - профессор Ҷон Померой, директори Маркази гидрологии Донишгоҳи Саскачевани Канада, “Обшавии криосфера дар кӯҳҳо, баландкӯҳҳо ва устувории захирахои об” аз тарафи Доктор Коен Вербист “UNESCO” шунида шуданд. Дар чорабинии мазкур масъалаи хифзи пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии оби тоза дар Осиёи Миёна дар сатҳи чаҳонӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ баррасӣ гардид.

 Қобили қайд аст, ки дар чорабинии мазкур Қурбонзода А.Ҳ, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Елена Манаенкова муовини Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (WMO), Шумаков Игор Анатолевич - роҳбари Хадамоти федералии обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти Русия (Росгидромет) ва хонум Ами Душел, олими калони гурӯҳи тағйирёбии иқлим, энергетика ва рушди ками карбони Маркази тадқиқоти байналмилалии ҷангал (FAO) (CIFOR) дар Индонезия иштирок ва суханронӣ намуданд.


24.04.2023