Санаи 23 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторӣ баргузори ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҳисси ватандӯству худогоҳӣ тамошо намуданд.
Роҳбари муаззами мо дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъсири тағйирёбии иқлим ба Сайёра ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки санаи 14 декабри соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «21 март - Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул намуд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби СММ «Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо» таъсис ёфта, дар ин замина соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад ва боиси зикр аст, ки 5-умин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба об ва иқлим дар миқёси Сайёра амалӣ шуд.
Дар тақвият ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносиро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ бо масъулияти дучанд фаъолият намоем. Моро лозим аст, ки барои амалӣ намудани иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, дучанд кӯшиш намуда, кишвари азизамонро ободу зебо гардонем.
24.04.2023