Таърихи 12 феврали соли ҷорӣ зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Самеҳ Ваҳба, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Озан Севимли бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти дидбонгоҳи обсанҷии Ҳушёрӣ ва стансияи барфутарамасанҷии Майхура, ки соли 2014 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Муҷаҳҳазгардонии хизматрасонии обуҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба реҷаи худкорӣ гузаронида шуда буд, ба минтақаи Варзоб сафар намуданд.
Дар рафти сафар оиди кори ин ду объект, дар бораи хусусиятҳои кори иҷрошаванда ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷониби меҳмонон як қатор саволҳои техникӣ дода шуд, ки ба онҳо мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ҷавобҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон дар рафти ин дидор нақшаҳои имконпазири ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт матраҳ гардид.
24.04.2023