Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

Таърихи 3-4 марти соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи “Муҷаҳҳазгардонии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, Ҷузъи С” ба Агентии обуҳавошиносӣ намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ хонум Лаура Сагнори Диниз ташриф оварданд. Мақсади асосии ин ташриф – арзёбии фаъолияти лоиҳаи “Муҷаҳҳазгардонии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, Ҷузъи С” арзёбӣ мегардад.  

Санаи 3 марти соли ҷорӣ меҳмонон аз дидбонгоҳи худкори Даҳана ва стансияи барфутарамасанҷии Майхура, ки соли 2014 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Муҷаҳҳазгардонии хизматрасонии обуҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба реҷаи худкорӣ гузаронидашуда дидан намуданд.

Ба меҳмонон оид ба фаъолияти стансияҳои худкор, дар бораи дастовардҳои лоиҳа ҳангоми татбиқ: мукаммалсозӣ, беҳшавии назорат, мушоҳида, қабул ва коркаду ирсоли натиҷаи мушоҳидаҳо маълумоти пурра дода шуд.

Санаи 4 март меҳмононро дар саҳни Агентӣ роҳбарият ва ҳайати кормандон истиқбол намуда, дар бораи нақша ва дастовардҳои Агентии обуҳавошиносӣ, ки аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, маълумот дода шуд. Ҳайати меҳмонон аз Маркази обуҳавосанҷӣ, Маркази коммуникатсияи автоматикии ва алоқа, Студияи хурди метеорологӣ ва дигар марказу раёсатҳо дидан намуданд.

Дар рафти вохӯрии дуҷониба роҳбарият ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ оид ба натиҷаҳои лоиҳаи болозикр, аз ҷумла дар доираи муҷаҳҳазгардонии шабакаҳои давлатӣ беҳтар гардидани сатҳу сифати пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани  таъмини аҳолӣ ва сохторҳои дахлдори кишвар бо маҳсулоти обуҳавошиносӣ ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон дар ин дидор масъалаҳои оғози даври дуюми лоиҳа,  омӯзиши мутахассисон, харидории таҷҳизоти обуҳавосанҷӣ, агрометеорологӣ, барфутармасанҷӣ ва бунёди стансияҳои нави худкор дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ матраҳ гардида

24.04.2023