Санаи 7 марти соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис оид ба мавзӯи иҷрои банди 2 нақша-чорабиниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат ба корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. оғоз намуда, мубориза бо коррупсияро яке аз самтҳои афзалятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Дар рафти маҷлис намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирӣ А. Қ. иштирок намуда, оид ба стратегия ва масъалаҳои вобаста ба он, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маърӯза намуда, ба саволҳои иштирокчиён оид ба масъалаҳои фарогири мавзӯъ ҷавоб гуфтанд.
24.04.2023