Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Табрикоти директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бахшида ба Иди “Саиди Қурбон”

Табрикоти директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бахшида ба Иди “Саиди Қурбон”

Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон Иди “Қурбон”-ро, ки саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд. 

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз паёмҳои табрикӣ ба муносибати Иди “Қурбон” ба маврид зикр намудаанд: «Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд».

Ҳамзамон ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоди соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем. Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд.

Дар ин рӯзҳои шодию нишот бори дигар фарорасии Иди “Қурбон”-ро ба тамоми ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони шумоён ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат ва файзу баракат орзӯ менамоям.

                         

       Бо эҳтиром,

Директори Агентии обуҳавошиносӣ

           Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло.



24.06.2023