Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба мавзӯи “Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Таърихи 21 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба мавзӯи “Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои кишвар, Барномаи рушди СММ ва ВАО иштирок доштанд.

Дар рафти ҷаласа иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои “Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мониторинг ва арзёбӣ”, “Ҳадаф ва вазифаҳои кор дар гурӯҳҳои хурд барои муайян кардани нишондиҳандаҳои хатарҳо, таъсирот ва чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” ва ғайраҳо тариқи рӯйнамо баромад намуданд.

Ҳамзамон дар доираи гурӯҳҳои хурд масъалаҳои кишоварзӣ ва захираҳои обӣ, энергетика ва нақлиёт, маориф ва нигоҳдории тандурустӣ, гендер, ҷавонон, муҳоҷират ва ҳифзи муҳити зист матраҳ гардиданд. 


21.07.2023