Таърихи 27 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Осмони соф”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои ш.Душанбе баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Агентӣ, инчунин Ташрифзода А.- муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва Давлатова Ҳ. мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Душанбе иштирок доштанд.
Дар бораи фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Осмони соф”-и ҲХДТ дар Агентии обуҳавошиносӣ баромади муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб Шерализода Н.Ш. пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки дар он оиди масъалаҳои фаъолияти аъзоёни ҳизб, қабули аъзоёни нави ҳизб, баргузории чорабиниҳои гуногун дар ин самт ва ғ. маълумот дода шуд.
Ҳамзамон дар баромадҳои Ташрифзода А.- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Давлатова Ҳ. мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе оид ба фаъолияти пурсамари аъзоёни ҳизб дар ташфиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ташфиқи ватандустии ҷавонон изҳори назар намуда, ҳамкории муштараки Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳоро дар самти обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист махсус таъкид доштанд.
28.07.2023