Санаи 4 августи соли ҷорӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ" (маблағгузории иловагӣ)" вохӯрии Гурӯҳи рушди занони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллаева Ҷ. А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, махсусан дар бораи аҳамияти рушди баробарии гендерии занон, ҳамзамон оид ба талаботҳои Стратегияи миллии рушди гендерии занони Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд.
Дар навбати худ мутахассиси Гурӯҳи татбиқи лоиҳа Музафаров М. ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳаро дар татбиқи нишондиҳандаҳои гендерӣ ва рушди иҷтимоӣ таъкид намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ сардори Маркази маркетинг ва рушд Амирбекова У. оид ба баробарии гендерии занони Агентӣ, ки дар он таҳлил ва натиҷаҳои пурсиш дар байни кормандон оид ба фаъолият пешниҳод шуда буданд, баромад намуд. Дар охири вохӯрӣ байни иштирокчиён доир ба қадамҳои минбаъда дар ин самт бахсу мунозираҳо барпо гардид.
04.08.2023