Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари машваратӣ оид ба мавзӯи “Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ (НММ) барои Тоҷикистон”

Рӯзҳои 29-30 августи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ оид ба мавзӯи “Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ (НММ) барои Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

Қобили зикр аст, ки семинари мазкур аз 4 қисмат иборат буда, дар рафти он мавзӯъҳои зерин роҳандозӣ гардиданд:

·       Гузаронидани чорабиниҳои мутобиқсозӣ дар доираи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

·       Тарҳи мониторинг ва арзёбии тадбирҳои мутобиқшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (M & E);

·       Воситаҳои ҷустуҷӯи шарикони рушд ва ҷомеаҳои НММ;

·        Кори амалӣ бо воситаҳои банақшагирии мутобиқшавӣ / кор дар гурӯҳҳо.

Семинари мазкур бо дастгирии БР СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи "Мусоидат ба раванди банақшагирии самараноки мутобиқшавӣ (НММ) барои Тоҷикистон" аз тарафи Фонди Иқлими Сабз маблағгузорӣ шуда, ба ташкили сохторҳои ташкилӣ ва имкониятҳо барои таҳия ва татбиқи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ барои муносибати ҳамаҷонибаи минбаъда дар самти банақшагирӣ ва татбиқи мутобиқшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.


30.08.2023