Ҳамватанони азиз!
Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 32 солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. Санаи 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 32-солагии Истиқлолияти худро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуни ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз таззодҳо таҷлил менамояд. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ аҳли ҷомеа бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоянд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд. Дар робита ба ин таъкид менамоем, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат мебошад.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд.
Қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳҳо, авҷи тоза гирифтани эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурӯъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои даврони истиқлолият мебошанд.
Бошад, ки дар партави хуршеди истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар кишварамон пойдор бимонад.
Самараи неки истиқлол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳонаи ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.
Ҳамватанони азиз!
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Ҷашни истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!
08.09.2023