Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Татбиқи ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мавсимҳои сол ҷиҳати муайян намудани захираи барф ва ҳолати пиряхҳои кишвар корҳои тадқиқотӣ-омӯзишӣ, экспедитсияҳо ва мушоҳидаҳои аэровизуалиро амалӣ менамояд.

        Боиси зикр аст, ки Агентии обуҳавошиносӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” санаи 26 сентябри соли ҷорӣ дар пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-саҳроиро ба роҳ монданд, ки дар рафти он мутахассисони соҳавӣ, директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А.  иштирок доштанд.

Мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати кунунии пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалиро дар болои пирях гузаронида, дар забонаи пирях бошад бо истифода аз таҷҳизотҳои соҳавӣ корҳои амалӣ ва тадқиқотиро ба роҳ монда, бо натиҷаҳои дилхоҳ баргаштанд.


29.09.2023