Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 3 октябри соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2023 баргузор гардид, ки дар рафти он сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукуров И., инчунин роҳбарият, сардорони раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа бурдбориро таманно намуд. Қурбонзода А.Ҳ. оид ба дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи обуҳавошиносӣ изҳори назар намуда, барои бо меҳнати ҳалолу кӯшишҳои дучанд фаъолият намудани ҳар як корманд таъкид доштанд.

Муовини Директори Агентӣ Шерализода Н.Ш. маърӯза намуда, ҳисоботи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2023-ро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар маърӯза қайд гардид, ки Агентӣ фаъолияти худро тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани онҳо пайваста кӯшиш намуда, пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ, ҳифзу беҳдошти муҳити зистро ҳамоҳанг сохта, фаъолият намуда истодааст. Мавсуф қайд намуданд, ки ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани “Соли 2025 ҳамчун - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Амалигардонии қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумии СММ” моро водор месозад, ки корро дучанд ба роҳ монем.

Сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. дар баромади худ қайд намуданд, ки дар рафти тамоми пешравиҳо дар самти мазкур як қатор камбудиҳои соҳавӣ ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо зарур ва ҳатмист. Ҳамзамон ҷиҳати ҳалли камбудиҳои соҳавӣ ва рафъи онҳо ба роҳбарни зерсохторҳои Агентӣ маслиҳат ва тавсияҳои муфидро пешниҳод намуданд.

Дар рафти ҷаласа тамоми дастовардҳо муаррифӣ гардида, қарори ҷаласа қабул шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми сохторҳо муваззаф гардиданд.



03.10.2023