Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар буда, инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.
Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.
Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.
Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.
Таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз, гиромидошт ва рушди забони тоҷикӣ хеле зиёд аст. Зеро Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 22 июли соли 2005 дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон - волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон доштааст, ки ин волотарин аҷргузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 қайд намуда буданд: «Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарханги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд…».
Ҳанӯз 22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳти №152 қабул ва мавриди амал қарор дода буд. Зимнан зикр бояд кард, ки қонун дар давраи ё худ айёми фаноёбии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста ба шароит, дар доираи талаботу вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию ҳуқуқии замони Шӯравӣ таҳия ва қабул гардида буд. Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.
Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.
Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.
Бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, бори дигар Шумо ҳамкасбони гиромӣ ва дар симои шумо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо орзумандам.
Рӯзи забони давлатӣ муборак ҳамдиёрони азиз!
04.10.2023