Санаи 4 октябри соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари муқаддимавии марҳилаи сеюми Лоиҳаи обуҳавошиносии Финляндия ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ, мутахассисони соҳавӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Финляндия- Илкка Райсанен, - Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса-хонум Элза Пинол, Директори департаменти хадамоти экспертии Институти метеорологии Финляндия -Гарри Пиетарила ва намояндагони як қатор ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. нахуст бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам намуданд. Мавсуф дар суханронияшон оиди ҳамкориҳои судманди Агентии обуҳавошиносӣ бо Институти метеорологии Финляндия, ки ба рушди соҳаи обуҳавошиносӣ нигаронида шудааст, қайд намуданд. Ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори Финляндия- Илкка Райсанен бо назардошти масъалаи мубрами рӯз-тағйирёбии иқлими Сайёра, ҳамкориҳоро дар доираи Лоиҳаи “Фин-Тоҷ”, ки ба рушди соҳаи обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист равона шудаанд, манфиатбахш арзёбӣ намуд.
Дар баромадҳояшон сардори Маркази яхшиносии Агентӣ-Раҳмонов Р., намояндаи Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария оиди мониторинги пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон маълумот доданд. Инчунин мутахассисони соҳавии Агентӣ ба иштирокчиён тариқи рӯйнамо оиди масъалаҳои тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ маълумот пешнищод намуданд. Рӯйнамоҳои кормандони Агентӣ ва шарикони рушд дар самти огоҳии барвақтӣ ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ, такмил додани системаи мониторинги сифати ҳавои атмосфера, ҷорӣ намудани технологияҳои нав барои беҳтар кардани пешгӯиҳо ва сифати маҳсулоти обуҳавошиносӣ низ баррасӣ карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамкории Агентии обуҳавошиносӣ бо Институти метеорологии Финляндия соли 2013 дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки дар он марҳилаи аввали Лоиҳаи “Фин - Тоҷ” оғоз ёфта буд.
05.10.2023