Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи забони давлатӣ"

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок доштанд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. кушода, аҳли коллективи меҳантиро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиёти миллӣ истифода мешавад ва омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст.Чун забон рукни асосии миллат ва давлат аст, аз ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин қайд кардаанд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

        Сипас котиби Комиссияи дохилиидоравии Агентии обуҳавошиносӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қудратов Х.С., сармутахассиси Раёсати монитоинги муҳити зист Сайфуллоев Н., мутахассиси шуъбаи бойгонии Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ Санавбари А. баромад намуда, дар бораи дорои таърихи куҳанбунёд ва фарханги баланд доштани забони тоҷикӣ, инчунин ҳифз, гиромидошт ва рушди забони модарӣ ва риояи қоидаҳои имлоии он дар коргузорӣ сухан намуданд.

Дар охири ҷаласа муовини Директори Агентӣ Байдуллоева Ҷ. баромад намуда, бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро бо “Рӯзи забони давлатӣ” табрик гуфта, барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва обуҳавошиносӣ, инчунин риояи тамоми талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бурдбориҳоро таманно намуд.


05.10.2023