Дар пайравӣ ба ташаббусҳои ватандӯстона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 октябри соли ҷорӣ дар стансияи агрометеорологии Ҳисор ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти корҳои ободонӣ гирду атрофи стансияи дар масофаи 100 метр панҷарабандӣ шуд. Заминҳои ҳудуди стансия шудгор ва ҳамвор карда шуда, майдончаи мушоҳидавӣ ба тартиб дароварда шуда, дар дарахтони ҳудуди стансия буриши санитарӣ гузаронида шуд.
Роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азм доранд, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъонаро, ки заминаи рушди соҳаро фароҳам меоранд, давра ба давра анҷом диҳанд.
31.10.2023