Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Муаррифии Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, (СММТИ) барои солҳои 2024 – 2026”

Санаи 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии обуҳавошносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират семинар дар мавзӯи "Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, (СММТИ) барои солҳои 2024 – 2026" бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва намояндагони шарикони рушд баргузор гардид.

Дар сухани муқаддимавии намояндаи Агентии обуҳаовшиносӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ яке аз кишварҳои пештоз дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар сатҳи миллӣ бо маром идома меёбанд.

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 октябри соли 2019 қабул гардида, ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи сиёсати кишвар дар самти тағйирёбии иқлим маҳсуб мегардад.

Ҳуҷҷати мазкур ҳамчун яке аз воситаҳои калидӣ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат намуда, банақшагирии иқтисодиёти миллиро дар заминаи тағйирёбии иқлим инъикос менамояд. Дар ин санад бахшҳои ҳассостарин ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла энергетика, захираҳои обӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ, инчунин самтҳои байнисоҳавӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, гендерӣ, ҷавонон, муҳоҷират, муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда муайян карда шудаанд.

Дар рафти семинар "Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, (СММТИ) барои солҳои 2024 – 2026" тариқи руйнамо бо дарназардошти пешниҳоди вазорату идораҳои марбута муаррифӣ гардид.

Дар рафти чорабинӣ инчунин масъалаҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳоҷират ва пайомадҳои он баррасӣ гардиданд.



31.10.2023