Санаи 3 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам ва табрик намуданд. Мавсуф дар баромади худ чунин қайд намуданд: - “Конститутсия – шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохта, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҷассум ёфтааст.
Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ намуда истодааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, волоияти қонун, қабл аз ҳама, аз волоияти меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад”.
Дар баромади муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. оиди дастоварҳо ва рушду нумуи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, такмилёбии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва иқлим гуфта шуд.
Дар рафти ҷаласа Сардори шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ-Қудратов Х.С., сармутахассиси шуъбаи иттилоотии Раёсати мониторинги муҳити зист Некноми Т., мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муборакшоева Ш. ва мутахассиси пешбари шуъбаи бойгонии Агентӣ Санавбари А. баромад намуда оиди таърих, заминаҳои пайдоиш ва давраҳои рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуданд.
03.11.2023