Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари омӯзишӣ оид ба мазӯи "Хизматрасониҳо дар самти иқлим"

Аз 20 то 28 ноябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ ва дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити Федератсияи Россия – омӯзиш оид ба масъалаҳои иқлимшиносӣ барои доираи васеъи мутахассисони Агентӣ ва мутахассисони дигар вазорату идораҳо гузаронида шуд.

Мақсади асосии чорабинии мазкур аз баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии мутахассисон дар самти омӯзиш, мониторинг ва истифодабарии маълумот дар бахшҳои пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, муносибатҳои байнисохторӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим иборат буданд.

Дар чорабинии омӯзишии Хизматрасониҳо дар самти иқлим 45 нафар мутахассисони соҳавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.



01.12.2023